Домой      Карта сайта [МАКОЛАХО]  [САФВАТ БУРХОНОВ АСОСИ]   [САЛОМ ТАДЖИКИСТАН - УЗБЕКИСТАН]   [Карта сайта]  


    ТОРНОМАИСАФВАТ БУРХОНОВ

safwat@mail.ru

(+992) 93 585 2000

             
safwat.web-box.ru

Сафват Бурхонов

ФИЛЬКИНА ГРАМОТА

Салом эй азизе, ки ин торномаро мехони! Бояд ба суоли нухустинат чавоб гўям, ки чиро номи торнома «Филькина грамота» гузошта шуда аст? 

Дар кишвари рус бо номи Фёдор Степанович Колычёв, ё Митрополит Филиппи ІІ рўхонии бошарафу бовичдоне ба сар мебурд. Соли 1507 ба дунё омада, 1569 аз олам рафта буд. Ќисми зиндагияш ва маргаш ба замони хукмронии Иван Грозный рост меояд. Барои ў хаќиќати холи зори миллати худро ба шох рўирост гуфтан, болотар аз мансабу маснад меистод. Митрополит ба Иван Грозный пайваста мактуб нависта, аз мушкилоти зиндагии мардум ўро хабардор мекард. Вале шох мактубхои ўро нохонда ѓичим мекарду ба рўяшон туф карда, сўе меандохт. Тахќиромез «Филькина грамота» мегуфт. Худи ин рўхонии бузурги миллатдўст низ аз рафтори шоху ќисмати мактубхояш хабардор буд. Вале бе танаффус менависту менавист. Менавист то рўзе, ки ночавонмарде бо номаки малюта скуратов, бо фармони шох ўро ќатл кард.

Ман хам менависам, хонандаи азизам, вале танхо барои ту. Шохи имрўзи миллати ман туї. Метавонї ба навиштахои ман мисли шохи рус муносибат кунї, метавонї коре бикунї. Тасмим аз туст.


САФВАТ БУРХОНОВ АСОСИ
МАКОЛАХО  |  САЛОМ ТАДЖИКИСТАН - УЗБЕКИСТАН

Версия для печати

МАКОЛАХО · Фотоальбом · САЛОМ ТАДЖИКИСТАН - УЗБЕКИСТАН
Бесплатный конструктор сайтов: ВебСтолица.РУ  | Реклама | Жалоба  
Работает на системе управления сайтом - Amiro CMS